Қоидаҳои майдони В2В

                            Шартҳои истифодабарии сомонаи B2B


1. Муқаррароти умумӣ
2. Мафҳум ва мазмуни фармоиш
3. Шартҳои пешниҳоди фармоиш
4. Таъмини сифат
5. Уҳдадориҳои шартномавии сомонаи B2B
6. Уҳдадориҳои шартномавии мизоҷон
7. Пардохтҳо
8. Ҷавобгарӣ
9. Коркарди маълумотҳо ва таъмини ҳуқуқҳо
10. Муқаррароти хотимавӣ
 

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Муқаррароти мазкур ҷузъи ҷудонашавандаи ҳамаи шартномаҳои B2B.tj (минбаъд “B2B.tj”), бахусусшартномаҳое, ки байни Шумо ва B2B.tj (минбаъд “мо”, “ба мо” ва ғайра) баста шудааст, ба ҳисоб меравад.Шартҳои ихтилофӣмавриди баррасӣ қарор намегиранд, ҳатто агар мо бевосита онҳоро рад накарда бошемё фармоиши шуморо бидуни қайду шарт иҷро намудем.

Ҳангоми ҷойгир намудани фармоиш шумо тасдиқ менамоед, ки истеъмолкунанда набуда, балки соҳибкор мебошед.


2. МАФҲУМ ВА МАЗМУНИ ФАРМОИШ

Фармоиши шумо оид ба ворид намудани ширкати худ ба сифати профили ширкат дар “Низоми ҷустуҷӯии таҳвилгарон” ба маълумоте асос меёбад, ки шумо дар бахши мизоҷони сомона ва хизматрасониҳои интихобшудаи мо ҷойгир намудед.Тағйиру иловаҳо ба ин таснифот ва созкуниҳо дар давоми муҳлати амали шартнома нигоҳ дошта шуда,онҳоро ихтисор, баровардан ё бекор кардан манъ аст.Вобаста баҳаҷми хизматрасониҳои дархостшуда шумо метавонед, ки дилхоҳ вақт ба мазмуни профили худ тағйиру иловаҳо ворид намоед.


3. ШАРТҲОИ ПЕШНИҲОДИ ФАРМОИШ

Шумо метавонед фармоиши худро дар шакли хаттӣ, электронӣ ё тавассути алоқаи телефонӣ дархост намоед. Фармоише, ки шумо фиристодаед ё боргирӣ намудаед,сарфи назар азмукаммал будан ё набуданаз лаҳзаи интихоби сана иҷро мегардад. Ҳамаи фармоишҳо дархостҳои доимӣ ба ҳисоб рафта, ба муҳлати 12 моҳ тамдид меёбанд, агаронҳо дар давоми3 моҳ(ин ҷо муфассал) дар охири давраи камтаринишартномаё дар давоми 12 моҳитамдидёфта қатъ нагардида бошанд.

Қатъ гардидани шартномаи асосӣ фармоишҳои иловагии мавҷударо низ бекор мекунад. Ҳамаи амалиётҳои қатъшуда бояд дар шакли хаттӣ сурат гиранд. Агар шумо хизматрасониҳои иловагиро ба сифати фармоиши доимӣ дар давоми муҳлати амали шартнома дархост намоед, хизматрасониҳои иловагӣ то оғози давраи ояндаи тамдиди фармоиши асосӣ иҷро мешаванд. Баъдан давраи тамдид ва огоҳнамоӣ, ки бо фармоиши асосӣ алоқаманданд, иҷро мегарданд.


4.ТАЪМИНИ СИФАТ

Бо мақсади таъмини сифат мо ҳуқуқ дорем, ки дар сурати пайдо гардидани хатогиҳо дар профили ширкати шумоонҳоро бо тартиби дуруст ислоҳ намоем, аммо ин амалиёт ба уҳдадориҳои мо дохил намешавад.Шумо метавонед ин амалиётрорад намуда,тағйиру иловаҳои воридшударо бекор кунед.


5. УҲДАДОРИҲОИ ШАРТНОМАВИИ СОМОНАИ B2B

Мо уҳдадорем, ки дар давоми муҳлати амали шартнома барои нигоҳдории профили ширкати шумо майдони алоҳидапешниҳод намуда,дастрасии профили ширкати шуморо дар “Низоми ҷустуҷӯии таҳвилгарон”таъмин намоем.Ба ғайр аз ин, мо метавонем профили ширкати шуморо бо маълумотҳо ва тасвирҳое, ки дар сомонаи интернетии шумо ҷойгиранд, инчунин бо маълумотҳое, ки дар сомонаҳои интернетӣва сомонаҳои иҷтимоии дигарон ҷойгиранд,пурра ё қисман мукаммал намоем.


6. УҲДАДОРИҲОИ ШАРТНОМАВИИ МИЗОҶОН

Мизоҷон барои дастрасӣ ба майдони худ дорои маълумоте мебошанд, ки он аз номи истифодабаранда ва гузарвожа иборат аст.Гузарвожаимахфии худро нигоҳда дошта, ба шахсони сеюм ошкор накунед. Агар шумо гумон баред, ки гузарвожаи шуморо шахси бегона ошкор намудааст, фавран онро иваз намоед..

Барои мазмун ва маълумотҳои профили ширкати худ тибқи қонунгузории амалкунандашумо ҷавобгар мебошед.

Шумо ҳуқуқ надоред, ки маълумотҳои дорои хусусияти зиддиқонунӣ, бадахлоқона, таҳдидкунанда, таҷовузкунанда, нажодпарастона ва ҷинсидоштаро,ё ин ки маълумотро оид ба нафароне, ки ҳуқуқ ба эътиқоди динӣ ва ҳуқуқ ба мафкураи сиёсии дигаронро вайрон мекунанд ё фарзандону ноболиғон ё некӯаҳволии онҳоро таҳти таҳдиди маънавӣ қарор медиҳанд, паҳн намоед ё ба онҳо истинод оваред.

Дар сурати риоя нагардидани уҳдадориҳои номбаршуда мо ҳуқуқ дорем, ки профили ширкати шуморо банд ё шартномаро бидуни огоҳонии қаблӣ бекор намоем. Ҳамчунин, мо ҳуқуқ дорем, ки дархости шуморо барои эълон дар сурати зидди ҳуқуқ, сиёсати давлат, ахлоқ, тамғаи мол ё реклама буданрад намоем. Дар ин ҳолатҳо маблағҳое, кибарои ҷойгир намудани эълонҳо пешпардохтшуда буданд, бозпас гирифта намешаванд.


7. ПАРДОХТ

Ҳаққи аъзогӣ пас аз қабули фармоиши шумо пардохт карда мешавад. Мо ҳуқуқ дорем, ки суратҳсиобро дар шакли электронӣ фиристем. Дар сурати пардохти даврагӣ, кидар шартномаи алоҳида пешбинӣ шудааст, пардохти яквақта бо пардохти аввалия ба роҳ монда мешавад. Маблағаз лаҳзаи ба суратҳисоби мо гузаштан пардохтшуда ҳисоб мешавад.


8. ҶАВОБГАРӢ

Мо танҳо барои ҷуброни зараре ҷавобгар мебошем, ки аз беэҳтиётии дағалона ё қасдан вайрон намудани уҳдадориҳо ё аз беэҳтитётӣ вайрон намудани уҳдадориҳоиасосӣ аз ҷониби мо ё ёрдамчиёни мо расидааст. 


9. КОРКАРДИ МАЪЛУМОТҲО ВА ТАЪМИНИ ҲУҚУҚҲОв

Бо пешниҳоди фармоиш шумо барои коркард, нигоҳдорӣ ва истифодабарии маълумотҳои профили истифодабарандаю ширкат ва маълумотҳои шахсии дигаре, ки бо онҳо алоқаманд буда, барои иҷроиши фармоиш, пешниҳоди суратҳисобҳо, баланд бардоштани таъсирбахшии рекламаи профили ширкати худ, кӯмаки техникӣ ва таҳлили самаранокӣ заруранд, розигӣ медиҳед.

Ба ғайр аз ин, шумо ба сомонаи B2B.tj ҳуқуқ медиҳед, ки барои нигоҳдорӣ, коркард ва нашри логотипи худ, ки бо ширкат ё сурати маҳсулоталоқаманданд, инчунин ҷоивазкунии сурат ва матнҳо дар дилхоҳ сомонаҳои муқоисашаванда, аз ҷумла телефонӣ, мултимедиявӣ ва хизматрасонӣ, амалиётҳои заруриро анҷом диҳад.

Супоридани маълумот ба шахсони сеюм, ки бо мавзӯи шартнома алоқаманд нестанд, манъ аст.


10. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Муқаррароти мазкур тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шудааст. Макони иҷроиши фармоишҳо ва ҳалли масъалаҳои ҳуқуқӣ макони ҷойгиршавии саридораи B2B.tj мебошад. Тағйиру иловаҳо ба муқаррароти мазкур бояд дар шакли хаттӣ сурат гиранд.Бе эътибории муқаррароти алоҳида ба эътибори ҳуқуқии муқарраротҳои дигар таъсир намерасонад.

© Business to Business, 2019. Ҳама ҳуқуқҳо маҳфузанд