Хабари Вазорати корҳои хориҷӣ аз 18 марти 2020 дар робита ба ҳамагирии коронавируси нав

  • 19.03.2020
  • Дида шуд 1

Image Description

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки бино бар қарори Сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ, ки дар Чин, Эрон, Италия, Ҷумҳурии Корея, Афғонистон, Фаронса, Испания, Шветсия, Швейтсария, Британияи Кабир, Норвегия, Нидерланд, Олмон, Белгия, Дания ва Иёлоти Муттахидаи Америка қарор доштанд, ва ба Тоҷикистон ворид мешаванд, ба мақсади пешгирии интишори коронавируси нав (COVID-19) дар хоки Тоҷикистон ба муддати 14 рӯз ба карантин фаро гирифта мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамватанони дар хориҷи кишвар қарордошта метавонанд дар ҳолати зарурат ба намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ муроҷиат кунанд. Маълумот дар бораи намояндагиҳои мо дар хориҷаро аз пайванди зерин метавон дарёфт кард.

© Business to Business, 2019. Ҳама ҳуқуқҳо маҳфузанд