Почему лидеры должны уметь говорить “нет”. Советы о том, как это делать

  • 30.01.2020
  • Дида шуд 1

Image Description

Чаро роҳбарон бояд «не» гуфта тавонанд. Маслиҳатҳо оид ба тарзи иҷрои ин кор.

Кӯшиши ба ҳама писанд омадан ва ҳамеша “Бале”, “ҳа” гуфтан ҷолиб аст, аммо бесамар. Ҷавоби манфӣ бисёр бартариҳои зиёд дорад ва инҳоянд чанд далел, ки чаро ҳар як роҳбар бояд ба забон овардани калимаи “не” -и раднашавандаро омӯзад.

Роҳбари ширкат ба монанди капитани киштӣ аст. Вай барои роҳнамоӣ кардани тиҷорат ва ноил гаштан ба ҳадафҳои гузошташуда масъул аст. Шумо бояд баҳо диҳед, ки оё қарорҳои ҳаррӯзаи тиҷории шумо ба ин ҳадафҳо равонаанд ё на. Ҳангоми дучор гаштан бо ғояҳое, ки самти ноил гаштан ба ҳадафҳои гузошташударо тағйир медиҳанд, роҳбари ширкат бояд далерона ва  бо боварии комил «не» гуфта тавонад.

Ба ҳадафҳои асосии худ бештар таваҷҷӯҳ намоед

Дар бораи ҳадафҳои шахсии шумо чӣ? Чуноне ки соҳибкорон маслиҳат дода мешавад, ки маблағҳои шахсии худро аз маблағҳои ширкат ҷудо намоянд, инчунин ҷудо намудани ҳадафҳои шахсии онҳо аз ҳадафҳои тиҷоратӣ низ муҳим аст. Натиҷаи ҳамеша иваз кардани афзалиятҳо ба манфиати кор ин доруи дурустест барои баланд намудани фишори худ ва аз даст додани ширкат аст.

Дар хотир доред, ки нигоҳубини саломатии худ яке аз сифатҳои роҳбари хуб аст. Агар шумо нақшаи истироҳат карданро дошта бошед, аммо онро ҳамеша барои ягон лоиҳаи нав ба тавқиф мегузоред, пас замоне расидааст, ки ба чунин лоиҳаҳо чӣ тавр “не” гуфтанро омӯзед.

Бисёр пешвоёни хуб саломатӣ ва оилаашонро барои тиҷорат аз даст додаанд. Вақти холӣ, берун аз кор, муҳим аст, зеро дар қатори дигар чизҳо, он дар баланд бардоштани рӯҳияи шахс ва амалӣ намудани дурнамоҳои нави корӣ, кӯмак мекунад.

Имкониятҳои кормандони худро зиёд намоед

Вақте ки шумо «не» гуфтанро ёд мегиред, шумо метавонед ба ягон аъзои дастаатон имконият диҳед, то «бале» гӯянд. Воқеият дар он аст, ки шумо ҳама чизро худ карда наметавонед, зеро ин ба шумо фишор хоҳад овард ва барои дигарон омӯхтан имконнопазир аст. Агар шумо аз ҳалли баъзе масъалаҳо даст кашед, пас дар раванди он кор шумо метавонед онҳоро роҳнамоӣ намоед.

 Ин равиш ба имконият медиҳад, ки малакаи худро густариш диҳед ва аз тарафи дигар бошад нишон диҳад, ки шумо дар иҷрои вазифаҳои муҳим ба кормандони худ эътимод доред.

Барои он ки ба иштибоҳ роҳ надиҳед..

Аксар вақт рад кардан душвор аст, зеро намехоҳем шахсро ранҷонем ва ё мехоҳем шахсро ба муколама ва озодона баён кардани ғояҳои худ ҳавасманд намоем. Аммо агар ба шумо интихоби дигаре пешниҳод карда шавад, ки арзиши гарон дорад ё бренд ва обрӯро зиён кунад, беҳтараш, ки “не” гӯед.

Агар шумо сабаби радкуниро ба кормандонатон фаҳмонед, ин метавонад таъсири мусбӣ расонад. Шумо мақсад ва фикру мулоҳизаҳои худро ба онҳо фаҳмонида, аз дастаи худ чи интизор буданатонро муайян мекунед.

Ба ҳама фикрҳои хуб зиёд сарф накунед

Албатта, ғояҳои хуб “не” гуфтан душвортар аст. Шояд ин ғояе бошад, ки ба шумо имкон медиҳад, ки лоиҳаи худро зуд ба сатҳи боло бардоред, аммо оқибатҳои молиявии онро низ ба назар гирифтаед ё на? Оё шумо имкони амалӣ намудани онро доред? Агар ҷавоб манфӣ бошад, пас баҳтараш шумо аз он даст кашед.

Баъзан вақт ягона чизе ки ба шумо намерасад метавонад, вақт бошад. Равона намудани нерӯи корӣ барои татбиқи ин ғоя метавонад ба қисми дигари лоиҳа таъсир расонад. Дар хотир доред, ки ҳамчун роҳбар ба маълумоте дастарасӣ доред, ки боқимондаи дастаи шумо надоранд. Ва дар ин ҳолат, "ҳа" метавонад оқибатҳои манфии тӯлонӣ дошта бошад. Дар ин ҳолат, дар фикри худ устувор истед ва «не» гӯед. Аммо шарҳ додани сабаби рад карданатонро фаромӯш накунед.

Мақеатонро ба мизоҷон нишон диҳед

Вақте ки муштарӣ шуморо киро мекунад, шумо мехоҳед ӯро аз кори худ хушҳол намоед ва беҳтарин роҳи ин кор, бо тамоми фикрҳои ӯ розӣ шавед ва ҳар чизе мехостаашро, диҳед. Ин восита метавонад шуморо машҳур намояд, аммо чи бояд кард,дарҳоле ки хоҳиши муштарӣ метавонад ба тиҷорати ӯ зара роварад?

Шумо бояд рад намудани чунин ғояҳоро омӯзед, аммо сабаби рад намуданатонро асоснок намоед, зеро мизоҷ шуморо барои кӯмак ба ӯ киро кардааст, на ин ки барои дар ҳама чиз бо ӯ розӣ шудан. Ин метавонад душвор бошад, аммо муштарӣ агар шумо пешниҳоди шуморо қабул намояд, шуморо бештар эҳтиром мекунад.

Роҳбар чӣ гуна бояд “не” гӯяд

Муҳим аст, ки на танҳо «не» гуфтан, балки онро дуруст иҷро кунад. Қатъиян рад намудан, бидуни далел, метавонад ба коргаронатон таъсири манфӣ расонад. Якчанд маслиҳат оид ба "не" гуфтан ва гирифтани натиҷаҳои хуб.

Аввал гӯш кунед

Гапи касеро ҳангоми баёни намудани фикраш набуред. Чун иҷрои ин амал нишон медиҳад, ки шумо одамон ва вақти ба кор сарф намудаи онҳоро қадр намекунед.

Савол диҳед

Саволҳо на танҳо нишон медиҳанд, ки шумо ба суханони коргаронатон диққат медиҳед, балки инчунин метавонад чизи дигарро низ ошкор намоянд. Масалан, фикру ақидаи баррасишаванда метавонад як қисме аз сиёсати мавҷудаи ширкат бошад ё барои шӯъбаи дигаре муфид шуда тавонад.

Сабаби рад карданатонро фаҳмонед

Танҳо “не” гуфтан кофӣ нест. Ба корманди худ фаҳмонед, ки чаро «не» мегӯед. Ин на танҳо ба ӯ кӯмак мекунад, ки сабаби радкарданатонро фаҳмад, балки инчунин эътимод ба пайдо намояд, то ӯ дар оянда бо дигар пешниҳодҳо ба шумо муроҷиат намуда тавонад.

Ҳангоми рад кардан, сипосгузорӣ намуданро фаромӯш накунед

Сипосгузорӣ намудан махсусан он вақте муҳим аст, ки пешниҳод хуб буд. Баробари рад намудани пешниҳоди хуб, он шахс хуб сипосгузорӣ намоед. Дар ниҳоят, қадр намудан ин як роҳи баланд бардоштани рӯҳияи кормандон мебошад. Ин ҳамчунин нишон хоҳад дод, ки шумо аз шунидани пешниҳодҳои онҳо хушҳол ҳастед.

Дар ҷавоби худ мушаххас бошед

Агар шумо нияти рад кардани пешниҳодро доред, пас «не» гӯед, на “шояд” ё “Ман дар ин бора фикр мекунам.” Чунки бо чунин суханон шумо шахсро умедвор намуда,дар охир “не” гӯед,  на танҳо нисбат ба шумо, балки нисбат ба корманди шумо низ беадолатона аст.


© Business to Business, 2019. Ҳама ҳуқуқҳо маҳфузанд