КВД “Тоҷинвест” портали интерактивии В2В– ро барои муаррифии молу маҳсулотҳои соҳибкорон пешниҳод менамояд.

  • 14.01.2020
  • Дида шуд 1

Image Description

Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷинвест” дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба дастуру супоришҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ вобаста ба муаррифии имкониятҳои содироти кишвар Портали интерактивии В2В ( www.b2b.tj) – ро барои  муаррифии молу маҳсулотҳои соҳибкорони ватанӣ пешниҳод менамояд.

Ироаи Паём:

“Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки дар солҳои минбаъда тамоми захираҳоро ба баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар, зиёд намудани ҳиссаи маҳсулоти ниҳоии саноатӣ дар ҳаҷми содирот ва аз байн бардоштани монеаҳои маъмурии мавҷуда равона созад.

Бо ин мақсад ва ҷиҳати дастрасӣ ба маълумот оид ба номгӯи маҳсулоти содиротӣ ва корхонаҳои истеҳсолкунанда зарур аст, ки портали савдои Тоҷикистон такмил дода шуда, корхонаҳои саноатӣ барои муаррифии маҳсулот ва пайдо намудани шарикони хориҷӣ сомонаҳои интернетии худро таъсис диҳанд.

Имрӯз дар берун аз кишвар имконияти пайдо кардани маълумоти кофӣ доир ба корхонаҳои саноатӣ ва маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон маҳдуд аст.

Сомонаҳои интернетии корхонаҳо роҳи аз ҳама самараноки муаррифии маҳсулоти саноатӣ ба ҳисоб мераванд. Роҳи дигари пешниҳоди маҳсулот барои фурӯш иштирок дар намоишгоҳҳои маҳсулоти саноатӣ дар кишварҳои хориҷӣ мебошад. Яъне аз ҳамаи воситаҳо бояд васеъ истифода карда шавад.

Портали мазкур барои тамоми субъектони хоҷагидори бозор воситаи пуриқтидори маркетингӣ буда, ба онҳо имкон медиҳад, ки дар бозорҳои дохилию хориҷӣ мақоми хосаеро ишғол намоянд. Бо ёрии портал соҳибкор маҳсулотҳо ва хизматрасониҳои худро бидуни харҷи маблағ бо роҳи таъсиси сомонаи шахсии худ, муаррифӣ менамояд. Ба ин васила ӯ идораи пурраро аз болои контент ва тарҳи сомона ба даст меорад.

Портал барои ҳамаи он нафароне, ки хоҳиши ҷустуҷӯи шарикон ё пешниҳодҳоро доранд, дастрас аст. Маврид ба зикр аст, ки танҳо мизоҷони бақайдгирифта метавонанд пешниҳодҳои худро манзур намоянд. Бинобар ин, барои аз тамоми имтиёзҳои портал бархурдор шудан, мизоҷон бояд худро ба қайд гиранд. Бақайдгирӣ бошад раванди оддӣ ва қулай аст.

Сомонаи худро дар Портал таъсис диҳед. B2B

© Business to Business, 2019. Ҳама ҳуқуқҳо маҳфузанд