Масолеҳ ва техникаи сохтмонӣ

927552425

www.starplast.tj

Стар Пласт

Стар Пласт

ҶДММ “Стар Пласт” ширкати муштараки Тоҷикистону Кипр ба шумор рафта, соли 2010 таъсис ёфтааст. Ширкат дар минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир аст. Ҷамъияти мазкур яке аз ширкатҳои пешсафи ҷумҳурӣ дар истеҳсоли маҳсулотҳои пластикӣ ба ҳисоб меравад. Ширкати мазкур қубурҳои полиэтиленӣ ва полипропиленӣ, зарфҳои гуногуни пластикӣ ва дигар намудҳои маҳсулотҳои пластмассӣ истеҳсол менамояд. Ҳайати кории ширкат аз 50 нафар корманд иборат аст. Ширкат дар фаъолияти худ таҷҳизотҳои замонавии зеринро аз таҳвилгарони пешсаф истифода мебарад: таҷҳизотҳо барои истеҳсоли қубурҳо, худкорҳои термопластӣ ва таҷҳизотҳои дамкунӣ ва ғйраҳо. Таҳвилгарони аосии ашёи хом ширкат истеҳсолкунандаҳо   аз Россия, Кореяи Ҷанубӣ ва Аморати Муттаҳидаи Араб мебошанд. Барои таъмини сифати баланди маҳсулот ва нигоҳдории таҷҳизот ашёи хоми аввалия ва аълосифат истифода бурда мешаванд, ки бо сертификатҳои байналмилалӣ тасдиқ гирдидаанд. Маҳсулотҳои ширкати мазкурро дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, сохтмон ва рӯзғор васеъ истифода мебаранд. Харидорони асосӣ ширкатҳои тиҷоратӣ ва мағозаҳои фурӯши масолеҳи сохтмонӣ, ширкатҳои сохтмонӣ, истеҳсолкунандагони масолеҳи сохтмонӣ, истеҳсолкунандагон ва коркардкунандагони меваҳо, сабзавот, гӯшту шир, истеҳсолкунандагони маҳсулотҳои кимиёгӣ, хизматрасониҳои маҳаллӣ, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва лоиҳаҳои ташкилотҳои байналмилалӣ ба ҳисоб мераванд. Ҳамаи маҳсулотҳои ширкат дорои сертификат буда, аълосифат будани маҳсулотҳои онро кафолат медиҳад.

 

© Business to Business, 2019. Ҳама ҳуқуқҳо маҳфузанд