Чӣ тавр ба магистри мудирияти корӣ табдил ёфтан мумкин?

  • 17.02.2020
  • Дида шуд

Image Description

Аксарияти нафароне, ки ба самтҳои муайяни ширкатҳои бузург роҳбарӣ мекунанд, вале дар баробари ин хоҳиши тавсеа бахшидани салоҳияти худ дар роҳбариянд дар бораи идома бахшидани таҳсилоти касбӣ андеша мекунанд. Муддаиён (даъвогарон) барои ишғоли вазифаҳои баланд одатан таҳсилро дар зинаи МВА (Master of Business Administration) идома медиҳанд.

Ангезаҳо барои гирифтани MBA

Чаро соҳиби MBA шудан лозим ва он ба Шумо ҳангоми роҳандозии карйераи тиҷоратиатон чи бартарӣ медиҳад? Дипломи MBA ба ғайр аз ҳуҷҷати тасдиқкунанда ба номзад, инчунин имкон медиҳад то соҳиби ҷойи шуғли беҳтарин гардад.

Ҳарчанд дар кишвари мо дар муқоиса бо Амрико дарёфти ин гуна дипломҳо кафолати баланд шудани музди маоши корманд намешавад, вале зимни таҳсил дар ин зина Шумо бо шахсони даркорӣ ва муфид робита барпо карда метавонед. Аксарияти хатмкунандагони “мактаби бизнес” баъд аз хотимаи таҳсил бештари шартномаҳои кориро байни ҳам ба имзо мерасонанд. Метавон гуфт, ки таҳсил дар чунин курсҳо имкон медиҳад, ки Шумо ба муҳити одамоне, ки қудрат ва таҷрибаи мушахас доранд роҳ ёфта аз таҷрибаи онҳо бархӯрдор шавед. Ва билохира он ба рушди шахсии шумо заминаи созгор фароҳам меорад. Қисми зиёди хатмкунандагони “мактаби бизнес” қайд мекунанд, ки таҳсил дар ин зина ба онҳо кӯмак кард то ҳадафуҳои ҳаётан муҳиму афзалиятноки худро омӯзанд ва дуруст идора кардани вақти худро ба роҳ монанд. Ба ин васила Шумо дар вуҷуди худ боварӣ ба неру ва мақсадҳоятонро афзун карда ангезаи расидан ба чизи бузургро пайдо мекунед.

Таҳсили пурра тибқи барномаи MBA 1,5-2 солро дар бар мегирад. Онҳое, ки то кунун дар ин зина таҳсил кардаанд, мегӯянд таҳсил ба таври интенсивӣ ба роҳ монда шуд дар як шабонарӯз 8-10 соатро дар бар мегирад, яъне Шумо маҷбуред кори доимии худро тарк намоед, ё дар алоҳидагӣ ба дарсҳо ҳозир мешавад. Шакли дуюм ба таври худкор маҳсулонокии донишомӯзиву шиносоӣ бо шахсони даркориро коҳиш медиҳад. Бар замми ин барои таҳсил Шуморо мебояд маблағи калон пардохт намоед. Агар гаронии нархи таҳсил ва вақти тӯлонии омӯзиш монеи ба даст овардани дипломи MBA шавад, пас ман чӣ кор кунам?

Дар курси фишурдаи MBA (мини-MBA) чиро меомӯзонанд?

Агар бо сабаби вақт надоштан Шумо имкони омӯзиш дар MBA-ро пайдо накунед, пас метавон ҳуҷҷатҳои худро ба курси фишурдаи он супоред. Ин гуна курсҳо ҳамагӣ чанд ҳафта тӯл мекашанд ва ба таври интенсивӣ он дарсҳои зуруриро, ки ба рушди мувафаққияти бизнеси шумо таъсир мегузоранд дар бар мегирад. Курси фишурда ду ҷанбаи муҳим дорад. Якум, донишҳои умумие, ки дар шакли анъанавӣ ва пурраи MBA дарёфт кардан мумкин, шумо ин ҷо онро қисман соҳиб мешавед. Ҷанбаи дуюм, танҳо самти таҷрибавӣ дорад, ки он барои гирифтани малакаи даркорӣ барои ҳамин шабу рӯз нигаронида шудааст. Таҳсил бахшҳои молия, сармоягузорӣ, маркетинг, стратегияи корпоративии назаряи иқтисодро фаро мегирад.

Албатта ягон барномаро бидуни мавзуъҳои ҳисоботи молиявию бухгалтерӣ пурра ҳисобидан мумкин нест. Ин нуктаро ба эътибор гирифта мо боз ба барномаи омӯзишии худ мавзуъҳои дигарро илова кардем. Аз ҷумла, асосҳои маркетинг. Ҳар кадоме аз роҳбарон муваззафанд дар бораи талаботҳои истеъмолӣ ва қувваи рақобатпазирии бозор маълумоти кофӣ дошта, ба равандҳои муосири он сарфаҳм раванд. Бар замми мавзӯъҳои дар боло ишора кардаамон ширкати консалтингии “Baker Tilly” дар доираи барномаи фишурдаи MBA-и худ инчунин ба малакаи таҳлили омор, ҳангоми қабули қарорҳои роҳбарӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.

Тести муҳим

Барои онҳое, ки хоҳиши баланд бардоштани маълумоти бизнесиии худ то ба ҳадди барномаи анъанавии MBA-анд курси фишурдаи он чун як трамплин хизмат мекунад. Таҳсил дар MBA қарори қатъиро талаб мекунад ва беҳтар аст баъд аз гузаштани чанд тест ба он иқдом намоӣ. Пеш аз он, ки ба ин курс ворид шавед аз худ ба ин саволҳо ҷавоб пурсед:

Оё тайёред аз нав ба курсии донишомӯзӣ нишинед?

Ба Шумо ин донишҳо воқеъан ҳам заруранд?

Барои таҳсил дар ин зина тайёред маблағи бузург сарф кунед (ногуфта намонад, ки барои соҳиб шудани дипломи MBA маблағҳои зиёд сарф мешаванд. Номзадҳо барои таҳсили худ ин маблағҳоро аз бонк қарз мегиранд ё ширкате, ки он ҷо кор мекунанд ин маблағҳоро пардохт мекунад ва корманд баъдан  онро ба ширкат бармегардонад)?

Нарх ва давомнокии таҳсил

Курси фишурдаи MBA интенсивӣ буда, аз 7 то 10 ҳафта тӯл мекашад. Гарчанде ин намуди таҳсил ба Шумо дипломи магистриро дар бахши маъмурияти корӣ намедиҳад, аммо зимни таҳсил дар муддати кӯтоҳ курси анъанвии MBA-ро аз худ кардан мумкин аст. Бар замми он тафовут дар нарх ҳам хеле калон аст. Агар курси пурраи барномаи MBA вобаста аз мактабҳо аз 20 то 50 ҳазор $ арзиш дошта бошад, пас барномаи фишурдаи MBA тақрибан аз  1000$ то  5000$ нарх дорад. Барои мисол барномаи фишурдаи MBA-и ширкати “Baker Tilly”  1500$ аст.

Агар рафту Шумо дар оянда нақшаи ба пуррагӣ гузаштани барномаи MBA-ро надошта бошед ҳам, курси фишурдаи он ҷаҳонбинии шуморо васеъ карда, соҳибихтиёрии шуморо дар бисёр масъалаҳои тахассусӣ боло бардошта, барои ба роҳ мондани робитаҳои тиҷоратӣ ва корӣ мусоидат мекунад.

© Business to Business, 2019. Ҳама ҳуқуқҳо маҳфузанд